Ошноии донишҷӯёни рус бо адабиёти муосири Эрон
Давраи донишафзоии адабиёти муосири Эрон аз рӯзи душанбе, даҳуми декабр дар Китобхонаи адабиёти хориҷии Маскав оғоз ба кор кард.
Ба гузориши ИРНА, ин давра бо мушорикати ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳамкори Пажуҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиоти фарҳангӣ баргузор шудааст. Ҳадаф аз баргузории ин давра ошноии насли ҷадиди исломшиносон ва эроншиносони рус бо адабиёти муосири Эрон ва ҷанбаҳои маънавию омӯзаҳои ахлоқии он, ҳамчунин таъсири Инқилоби Исломии Эрон бар адабиёти муосири Эрон аст.
Маҳдии Саноӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими ифтитоҳияи ин давра бо таҷлил аз баргузории давраи донишафзоии адабиёти муосири Эрон изҳор дошт, ки русҳои дӯстдори таърих, забон ва фарҳанги Эрон бештар бо таърихи куҳани Эрон ва бузургону шоирони номии Эронзамин ошно ҳастанд, ба ҳамин далел, шиносондани адибон-шоирону ҳунармандони Эрони муосир ба эроншиносони рус як зарурат аст. Қаҳрамон Сулаймонӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Русия низ дар маросими ифтитоҳияи ин давра эълом кард, давраи ахир ба дурустӣ метавонад оинае аз зиндагии мардуми Эрон дар 40 соли ахирро ба донишҷӯёни алоқаманди рус ироа диҳад.