Донишманди эронӣ барандаи ҷоизаи Академияи улуми ҷаҳон шуд
Ҳусайни Баҳорванд, муҳаққиқи эронии ҳавзаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ, барандаи ҷоизаи соли 2019 Академияи улуми ҷаҳон (TWAS) дар риштаи зистшиносӣ шуд.
Дар чаҳордаҳумин Конфронси умумӣ ва бисту ҳаштумин Маҷмаи умумии Академияи улуми ҷаҳон (the world Academy of sciences), ки дар Триести Италия баргузор шуд, доктор Ҳусайни Баҳорванд, донишманди эронӣ ба далели нақши муассир дар ҳавзаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба унвони барандаи ин ҷоиза муаррифӣ шуд.
Аз ҷумлаи ифтихороти вай, дарёфти ҷоизаи байналмилалии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид (ЮНЕСКО) дар ҳавзаи улуми зистӣ дар соли 2014 аст.
Ин донишманди эронӣ дар 2017 ба унвони яке аз 20 фарди таъсиргузор дар заминаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ аз сӯи сайти муътабари The Niche дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ шудааст.
Ҷоизаи 2019 Академияи улуми ҷаҳон (TWAS), соли оянда таи маросиме дар гирдиҳамоии умумии Фарҳангистони улуми ҷаҳон эҳдо хоҳад шуд.