Декабр 13, 2018 13:38 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Барномаҳои Амрико барои нақзи бештари қатъномаи Шӯрои амният мушаххас шуд

Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Вазири хориҷаи Амрико барномаҳои ин кишвар барои нақзи бештари қатънома Шӯрои амнияти Созмони милалро мушаххас кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш ба суханони Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико зидди барномаи мушакии Эрон дар Нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал, дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Амрико ва муттаҳидонаш дар бораи мушакҳои Эрон ба қатъномаи бекоршудаи 1929 Шӯрои амният такя мекунанд.

Ба гуфтаи вай, Помпео Амрикои мунзавишударо ба аввалин узви доими Шӯрои амният табдил кард, ки кишварҳои дигарро ба иллати пойбандӣ ба қатъномаҳои Шӯрои амният танбеҳ мекунад.

Майк Помпео чаҳоршанбе шаб дар Нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал барои баррасии шашумин гузориши дабири кулли Созмони милал дар бораи иҷрои қатъномаи 2231 ин Шӯро, бозгардондани маҳдудитҳои мушакии мушаххасшуда дар қатъномаи 1929 зидди Эронро хостор шуд.