Чиҳилсолагии инқилоб; амрикоиҳо ҳамчунон дар таваҳҳум
(last modified Thu, 13 Dec 2018 08:50:05 GMT )
Декабр 13, 2018 13:50 Asia/Dushanbe
  • Чиҳилсолагии инқилоб; амрикоиҳо ҳамчунон дар таваҳҳум

Ҳамзамон бо чиҳилсолагии инқилоби исломӣ, хусумат ва душмании Амрико бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба авҷи худ расидааст.

Имрӯзҳо давлатмардони амрикоӣ барномаи мушакӣ ва ҳузури муассири Эрон дар минтақаи ғарби Осиёро баҳона қарор додаанд ва бо ҳузур дар пушти ҳар трибуне мекӯшанд афкори умумии ҷаҳонӣ ва кишварҳоро зидди Эрон қарор диҳанд.

Ин сиёсат бо таҳримҳои Амрико зидди Эрон ҳамзамон шудааст ва иллати он ҳам нокоромадии сиёсии таҳримҳо ва ташдиди фишорҳои ҷаҳонӣ зидди Эрон дар пӯшиши таҳримҳост.

Дастмоя қарор гирифтани мавзӯе, ки на дар БарҶом ба он барои музокира ишора шудааст ва на рабте ба дигар кишварҳо дорад, нишон аз шикасти сиёсатҳои Амрико барои басиҷи афкори умумӣ зидди Эрон дорад.

Ин шикастҳо имсол чиҳилсола мешавад ва ҳаёҳӯи ин рӯзҳои давлатмардони амрикоиро бояд дар ҳамин масъала ҷустуҷӯ кард.

Барномаи дифои мушакии Эрон, мавзӯе дохилӣ аст ва ҳар кишваре бар асоси докторинаи дифоии худ ҳақ дорад ва қодир аст барои тақвияти бунияи дифоияш талош ва ба таври мустақил амал кунад.

Дар ин миён, озмоиши мушак ҷузъи барномаҳои дифоии ҳар кишваре аст ва Эрон ҳам бар асоси барнома ва тақвияти қудрати боздорандагии худ ин корро анҷом медиҳад.

Дастмоя қарор додани ин масъала аз сӯи давлатмардони амрикоӣ аввалан дахолат дар умури дохилии Эрон ва сониян тидомаи Эронҳаросӣ дар сояи мушакҳост.

Дар ҳамин чорчӯб, Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе пас аз нишасти Шӯрои амният барои баррасии гузориши дабири кулли Созмони Милал дар бораи иҷрои Қатъномаи 2231 дар ҷамъи хабарнигорон муддаӣ шуд, Амрико дар ин нишаст равшан кард, ки фаъолиятҳои мушакии баллистики Эрон аз контрол хориҷ шудааст.

Майк Пампео бо ин иддао, ки Эрон ба равишҳои мухталиф аз Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амният сарбоз мезанад, иддао кард, озмоишҳои мушакии Эрон бояд поён ёбад.

Ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар бораи тести ахири мушакии Эрон хотирнишон кард, мавзӯи мушак ҳеҷ гоҳ мавриди музокира набуда ва дар Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амнияти Созмони Милал ҳам дар бораи мамнуияти он барои Ҷумҳурии Исломии Эрон чизе мавриди таъйид ва тасвиб қарор нагирифтааст.

Ҳаёҳуи амрикоиҳо дар бораи барномаи мушакӣ ва ҳузури минтақаии Эрон, талош барои шурӯи музокироти ҷадиде аст то ин ду мавзуъ ҳам ба меҳварҳои он афзуда шавад. Ин ҳадафи амрикоиҳо хобе аст, ки ба гуфтаи масъулони Эрон таъбир нахоҳад шуд.

Дар ҳамин замина, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, суханони мақомоти амрикоӣ дар бораи музокира ва тавофуқи ҷадид беарзиш ва мисдоқи озмударо озмудан аст. Амрико бузургтарин ноқизи тааҳҳудҳои байналмилалӣ аст ва нақзу сарпечӣ аз Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амният намунаи боризи рафторҳои давлати ноором, саркаш ва лаҷуҷ аст.

Фиребкорӣ, зӯргӯӣ ва эътиёди Амрико ба таҳримҳо, мабнои сиёсати хориҷии давлати кунунии ин кишвар аст ва ҳатто Амрико барои ташдиди душмании худ бо Эрон, Шӯрои амниятро ҳам ба гаравгон гирифтааст.

Амрико пас аз хуруҷ аз БарҶом ҳама талоши худро ба кор гирифтааст, бо иғвои дигарон, аз ҷумла аврупоиҳо, БарҶомро ба таври комил аз байн бибарад то дар чунин шароите масирро барои шурӯи музокироти ҷадид ҳамвор бубинад.

Ҳаёҳуи Майк Пампео дар бораи барномаи дифои мушакии Эрон пешдаромади ҳамин сиёсат ва хусумати Амрико бо Эрон аст то бар муносиботи ҷаҳонӣ бо Эрон таъсир бигузорад.

 Ба ҳарҳол, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон монанди ҳар давлати дигар бар сари амният ва тавонмандии дифои мутаорифи худ бо кишваре мусолиҳа нахоҳад кард.