Декабр 13, 2018 17:52 Asia/Dushanbe
  • Мусоидати Покистон барои озодии марзбонони рабудашудаи Эрон

Муовини амниятӣ-интизомии устондори Систон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон, аз талоши ҷиддии давлати Покистон барои пайгирии озодии марзбонони рабудашудаи эронӣ хабар дод.

15 октябри имсол 12 марзбони эронӣ, ки дар нуқтаи сифри марзӣ дар минтақаи Мирҷова, ҷанубу шарқи Эрон, мустақар буданд, тавассути гурӯҳҳои террористӣ ва зиддиинқилоб рабуда ва ба дохили хоки Покистон мунтақил шуданд. 22 ноябр панҷ марзбони рабудашуда озод шуданд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА, Муҳаммадҳодии Маръашӣ муовини устондори Сиистон ва Балучистони Эрон ва сарпарасти ҳайати эронӣ дар бистудувумин иҷлоси муштараки марзии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Покистон гуфт: Озодии марзбонони рабудашудаи эронӣ аз муҳимтарин мавзӯъҳои иҷлоси муштарак буд ва тарафи Покистонӣ қавл дод, барои озодии марзбонони эронӣ талоши бештаре кунад.

Бистудувумин иҷлоси муштараки марзии Эрон ва Покистон бо ҳузури масъулони ду кишвар, душанбе ва сешанбеи гузашта дар Зоҳидон, маркази устони Систон ва Балучистони Эрон баргузоршуд.

рон ва Покистон 909 километр марзи муштарак доранд.

 

Барчасп