Декабр 15, 2018 10:44 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони куштии озоди Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон

Намояндаи Эрон унвони қаҳрамонии панҷумин давраи рақобатҳои куштии озоди Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳонро аз они худ кард.

Дар дидори финали панҷумин давраи рақобатҳои куштии озоди Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон дар устони Мозандарон, шимоли Эрон, Ҳасани Раҳимӣ аз Эрон ҳарифи туркро бо натиҷаи 10 бар сифр шикаст дод.

Дар вазни 65 килограмм низ Майсам Насирӣ аз Эрон 13 бар 2 ҳарифи туркро аз пеширӯ бардошт.

Дар 70 килограмм Муҳаммад Қурбоналиеви рус низ 12 бар 2 Мустафо Зуполи аз Туркияро бурд. Дар вазни 79 килограмм ҳам Аҳмадҳоҷӣ Муҳаммадов, дигар куштигири рус 10 бар сифр Нозим Короро шикаст дод.

Ҳамчунин дар вазни 86 килограмм Алиризо Каримӣ аз Эрон Аҳмад Белиҷиро 5 бар сифр мағлуб кард.

Дар рақобатҳои имрӯз (ҷумъа) низ Ситорагон Сори, дигар намояндаи Эрон дар ин рақобатҳо дар дидори радабандӣ баробари Гурҷистон ба бартарии 9 бар як расид ва бар сакуи севум истод.

Ин рақобатҳо бо ҳузури ду тим аз Эрон ва 6 тими хориҷӣ ба муддати 2 рӯз дар Эрон баргузор шуд.

 

Барчасп