Декабр 15, 2018 12:44 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши солонаи эроншиносони рус дар Маскав

Чаҳорумин ҳамоиши солонаи эроншиносон ва устодони забони форсӣ дар Русия бо ҳадафи тақвияти эроншиносӣ ва баррасии роҳҳои густариши забони форсӣ, масоил ва мушкилоти мавҷуд ва чашмандозҳои оянда дар Маскав баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар маросими ифтитоҳияи ин ҳамоиш Маҳдии Саноӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия, Игор Алкозев, раиси донишкадаи Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ), Муртазо Доманпок, муовини пажӯҳишии маркази мутолеоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Александр Иванович Полишок, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Русия ва устоди забоншиносии Маскав суханронӣ карданд.

Дар ин ҳамоиши якрӯза 27 нафар аз андешамандон, устодон ва соҳибназарони русӣ ва эронӣ дар се бахши вазъияти кунунӣ ва чашмандозҳои ояндаи эроншиносӣ ва забони форсӣ дар Русияро баҳсу баррасӣ карданд.

Дар ин ҳамоиш илова бар Маскав, андешамандоне аз Санкт-Петербург, Қазон, Доғистон, Астрахан, Олтой, Владикавказ, Сааратов ва Челябинск ҳузур доштанд.

 

 

 

Барчасп