Декабр 16, 2018 10:42 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Мушакҳои Эрон қобили музокира нест

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки мушакҳои Эрон ҷанбаи дифоӣ ва боздорандагӣ дорад, гуфт: Мушакҳои Эрон қобили музокира нест.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи нишасти рӯзи шанбе дар Доҳаи Қатар афзуд: Эрон бисёр камтар аз кишварҳои минтақаи ғарби Осиё сарфи ҳазинаҳои низомӣ мекунад.

Зариф бо радди иддаои мақомҳои амрикоӣ мабнӣ бар инки Эрон бо озмоиши мушаки баллистикӣ қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милалро нақз кардааст, гуфт: Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ, ба сароҳат қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милалро нақз кардааст, дар натиҷа онҳо дар мавқеияте нестанд, ки дар бораи ин қатънома ҳарф бизананд.

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милал, Эронро аз озмоиши мушакҳо манъ намекунад, балки ба мушакҳое, ки барои ҳамли кулоҳакҳои атомӣ тарроҳӣ шуда бошанд, ишора дорад.

Зариф бо таъкид бар инки мушакҳои Эрон дифоъӣ аст ва мо ба онҳо барои дифоъ аз кишварамон ниёз дорем, афзуд: Мо аз он мушакҳо ба маротиб камтар аз соири кишварҳо алайҳи шибҳинизомиёни террорист ё ҳар каси дигар дар минтақаамон истифода мекунем, ба ҳамин иллат аст, ки мо аз ҳамон ибтидо гуфтаем, ки мавзӯи мушакҳои мо аслан қобили музокира нест.