Декабр 17, 2018 14:35 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Чин бар тавсиаи муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон

Муовини вазири умури хориҷаи Чин бар тавсеаи муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Чжан Сзюн (Zhang Jun) рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо ин расона гуфт, Пекин моил ба густариши муносибот бо Теҳрон бавижа дар арсаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст.

Муовини вазири умури хориҷаи Чин афзуд, Пекин равобити бисёр хуб ва густардае бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бавижа дар бахшҳои иқтисодӣ аст ва талош дорад ин муносиботи беш аз пеш густариш ёбад.

Вай ташвиқи ширкатҳои чинӣ ба ҳузур дар Эрон ва сармоягузорӣ дар ин кишварро аз ҷумлаи барномаҳои роҳбурдии Чин барои тавсеа ва тақвияти равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон кард.