Зариф: Баёноти Раҳбари инқилоб дар мавзӯи ҳамсоягони Эрон кушоишгари фасли ҷадиде аст
(last modified 2018-12-19T09:46:32+00:00 )
Декабр 19, 2018 14:46 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Баёноти Раҳбари инқилоб дар мавзӯи ҳамсоягони Эрон кушоишгари фасли ҷадиде аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар мавзӯи ҳамсоягон, фасли ҷадиде дар таваҷҷуҳи хос ба ин мавзуъ, ҳам дар арсаи иҷро ва ҳам дар арсаи таҳқиқ ва пажӯҳиш кушудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе дар паёме ба “Ҳамоиши табйини сиёсати ҳамсоягӣ бо таъкид бар фармоишоти мақоми муаззами раҳбарӣ” дар Машҳад, бо ишора ба назари Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи мавзӯоти роҳбурдии кишвар дар арсаҳои мухталифи дохилӣ ва байналмилалӣ ва инояти вижаи эшон ба мавзӯи аҳамияти ҳамсоягон дар сиёсати хориҷии кишвар таъкид кард, интизор меравад, ин ҳамоиш ва дигар ибтикороти мушобеҳ тавассути донишгоҳҳо ва андешкадаҳои мухталиф битавонад мабонӣ ва мафоҳими пояи сиёсати ҳамсоягии Ҷумҳурии Исломии Эронро беҳтар табйин ва роҳкорҳои муносибро барои баст ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ, хусусан бо ҳамсоягон пешниҳод кунад.

Image Caption

Дар идомаи паёми вазири умури хориҷаи Эрон ба таъкидоти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи вусъати сарзаминии Эрон, ҳамсоягӣ бо обҳои байналмилалии озод, моликияти яке аз ду ҳошияи халиҷи Форс ва бахши умдае аз дарёи Уммон ва бархурдорӣ аз 15 кишвари ҳамсоя, мавқеияти ҷуғрофиёии ҳассоси Эрон ва истиқрори ин кишвар дар ҷойгоҳи нуқтаи иттисоли Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб ба унвони имконот ва зарфиятҳои бисёр муҳим барои ин кишвар ишора шудааст.

Зариф дар идомаи паёми худ таъкид кардааст, баргузории “Ҳамоиши табйини сиёсати ҳамсоягӣ бо таъкид бар фармоишоти мақоми муаззами раҳбарӣ” яке аз мавориди муҳим дар мабоҳиси илмӣ - пажӯҳишӣ аст, ки натоиҷаш метавонад ба иҷрои беҳтари сиёсати хориҷӣ дар ин арса кумак кунад.

Ҳамоиши якрӯзаи табйини сиёсати ҳамсоягӣ бо таъкид бар фармоишоти мақоми муаззами раҳбарӣ дар Машҳад бо ҳузури соҳибназарони дохилӣ ва хориҷӣ ва ба ҳиммати Муассисаи мутолеоти Эрон ва Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ва мушорикати Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ ва Муассисаи ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш суханронон бар аҳамияти ҳамгароии сиёсатҳои вазорати хориҷа бо заруратҳо ва ниёзҳои мардуми Эрон ва кишварҳои ҳамсоя таъкид карданд.

Ин ҳамоиш бо ҳадафи амалӣсозии фармоишҳои ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб дар хусуси зарурат тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамҷавор ва ҳамсоя баргузор шудааст.

 

 

Барчасп