Таъкиди як пажуҳишгари эронӣ бар рафъи сӯи тафоҳумҳо бо ҳамсоягон
(last modified Wed, 19 Dec 2018 10:04:58 GMT )
Декабр 19, 2018 15:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди як пажуҳишгари эронӣ бар рафъи сӯи тафоҳумҳо бо ҳамсоягон

Мудири маркази мутолиоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Машҳад бар рафъи бархе сӯи тафоҳумҳо бо ҳамсоягон ва муқобилаи нарм бо дуруғпардозони дохилӣ ва хориҷӣ, ки дар пайи тарвиҷи Эронҳаросӣ ҳастанд, такид кард.

Муҳаммад Сиддиқифар субҳи имрӯз дар ҳамоиши табъини сиёсати ҳамсоягӣ бо таъкид бар фармоишҳои мақоми муъаззами раҳбарӣ бо меҳвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Машҳад гуфт: имрӯз 22 кишвари ҷаҳон таҳти таҳрими Амрико ҳастанд ва лозим аст бо ин кишварҳо иртиботи қавитаре дошта бошем, то мушкилоти мавҷуд сареътар рафъ шавад.

Image Caption


Вай бо ишора ба аҳаммияти равобити Эрон бо ҳамсоягон дар гуфтумони раҳбарии инқилоб, таваҷҷуҳи бештари мутаваллиёни сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эронро ба сиёсати чандҳамсоягӣ ва нақши муъассири фарҳанги исломии Эрон бар кишварҳои ҳамсоя хостор шуд.

Ширкаткунандагон дар навбати субҳи ин ҳамоиг мақолот ва суханрониҳоеро бо мавзӯъоте ҳамчун ҳамсоягӣ ва улгуи марҷаъият дар сиёсати хориҷӣ, ҳамсозии манофеъи миллӣ ва ҳамсоягон ва сиёсати ҳамсоягӣ ва осори насиюналисми қавмии Туркманистон бар равобити дуҷониба ироа карданд.

Image Caption

Дар навбати баъд аз зуҳри ин ҳамоиш низ соҳибназарон дар кумитаҳои тахассусӣ дар бораи мушкилот ва монеъаҳои мавҷуд дар равобити кишварҳои ҳамсояи эрон гуфтугу мекунанд.

Саидрасули Мусавӣ сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон, Алиризо Бигдилӣ сафири собиқи Эрон дар Туркия, Аббоси Арбоб Холис раиси намояндагии вазорати умури хориҷаи Эрон дар шарқи кишвар, Муҳаммадмусо Ҳоишии Гуопойгонӣ сафири собиқи Эрон дар Туркманиятон ва Муҳсени Покойин муовини байналмиллали дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҷумла пажуҳишгарони ҳозир дар ин ҳамоиш ҳастанд.