Эрон ва Туркия ду санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд
Декабр 20, 2018 14:53 Asia/Dushanbe
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳурии Туркия рӯзи панҷшанбе барои тавсеа ва таъмиқи ҳар чӣ бештари муносибот ва ҳамкориҳои худ, ду санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Анкара дар заминаи беҳдошт ва дармон ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи умури иртиботот ва расона дар ҳузури Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳур Туркия, тавассути масъулини аршади ду кишвар ба имзо расид.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳи ҳайати баландпоя, чаҳоршанбе шаб ба даъвати расмии Раҷаб Тайб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва барои ширкат дар панҷумин нишасти Шӯрои роҳбурдии ду кишвар, вориди Анкара шуд.
Барчасп