Эрон ва Туркия ду санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40334-Эрон_ва_Туркия_ду_санад_ва_ёддошти_тафоҳуми_ҳамкорӣ_имзо_карданд
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳурии Туркия рӯзи панҷшанбе барои тавсеа ва таъмиқи ҳар чӣ бештари муносибот ва ҳамкориҳои худ, ду санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 20, 2018 14:53 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Туркия ду санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳурии Туркия рӯзи панҷшанбе барои тавсеа ва таъмиқи ҳар чӣ бештари муносибот ва ҳамкориҳои худ, ду санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Анкара дар заминаи беҳдошт ва дармон ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи умури иртиботот ва расона дар ҳузури Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳур Туркия, тавассути масъулини аршади ду кишвар ба имзо расид.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳи ҳайати баландпоя, чаҳоршанбе шаб ба даъвати расмии Раҷаб Тайб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва барои ширкат дар панҷумин нишасти Шӯрои роҳбурдии ду кишвар, вориди Анкара шуд.