Декабр 22, 2018 20:48 Asia/Dushanbe
  • Заъфарони шаҳри Гунободи Эрон сабти ҷаҳонӣ шуд

Созмони хорбор ва кишоварзии СММ (ФАО), низоми тавлиди заъфарон мубтанӣ бар обёрӣ бо қанотро дар шаҳри Гунобод (дар устони Хуросони Разавӣ дар шимолу шарқи Эрон), ба унвони мероси кишоварзии муҳимми ҷаҳонӣ ба сабт расонд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Созмони хорбор ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) эълом кард, стандарти боло, баҳрагирӣ аз шабакаи обёрии қанот, нақши муҳимми он дар таъмини амнияти ғизоӣ ва маишати хонворҳои рустоӣ, танаввӯи зисти кишоварзӣ, дониши маҳаллӣ, бумӣ ва суннатӣ, аз ҷумлаи мавориде аст, ки заъфарони Эронро дар зумраи мероси кишоварзии муҳимми ҷаҳонӣ қарор додааст.

Image Caption

Йоши Хиндо, раиси ҳамоҳангкунандаи низоми мероси кишоварзии ФАО дар Рум гуфт, моилам ба миллати Эрон барои сабти низоми тавлиди заъфарон ба унвони мероси кишоварзии муҳимми ҷаҳонӣ дар Созмони хорбор ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид табрик арз кунам.

Вай афзуд, ин як пирӯзии бузург барои кишоварзони эронӣ аст, ки дар тавлиди ин маҳсул, собиқае тӯлонӣ доранд ва тавонистаанд бо ҳушу заковат ва ҳифзи низоми кошти заъфарон аз тариқи қанот, ин маҳсулро ба хубӣ ва бо кайфияти бисёр боло тавлид кунанд.

Сабти заъфарони Эрон ба унвони як низоми пойдори тавлид дар ФАО, як имтиёзи бисёр бузург барои санъати заъфарон ва бахши кишоварзии ин кишвар аст.

 Заъфарони Гунобод ба унвони яке аз маҳсулоти шохиси ҷуғрофиёии Эрон ба шумор меояд.

Эрон ба унвони аввалин тавлидкунандаи заъфарони ҷаҳон ва аз назари кайфият дар байни соири кишварҳои тавлидкунандаи ин маҳсули мунҳасир бафард аст.