Афзоиши содироти фаровардаҳои нафтии Эрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико
Ноиби раиси Иттиҳодияи содиркунандагони фаровардаҳои нафт, газ ва петрошимии Эрон аз афзоиши содироти маҳсулоти петрошимӣ бо вуҷуди бозгашти таҳримҳои золимонаи Амрико хабар дод.
Эҳсони Боқириён ноиби раиси Иттиҳодияи содиркунандагони фаровардаҳои нафт, газ ва петрошимии Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо Хабаргузории садо ва симои гуфт: Бар асоси оморҳои мавҷуд аз 22 март то 22 сентябри 2018, Эрон се миллиарду 150 миллион доллар анвои фаровардаҳои нафтӣ содир карда, ки ин рақам дар муддати мушобеҳи соли 2017, ду миллиарду 500 миллион доллар будааст.
Боқириён афзуд: Бо вуҷуди инки таҳримҳои якҷонбаи Амрико зидди Эрон мушкилотеро дар содироти баъзе маҳсулот ба вуҷуд овардааст, аммо пешбинӣ мешавад содироти фаровардаҳои нафтии Эрон дар соли 2018 бештар аз соли гузашта бошад.
Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико, 8 майи 2018 ба таври якҷонба хуруҷи кишварашро аз БАРҶОМ эълом кард ва дар ду марҳила таҳримҳои ҳастаиро зидди Эрон бозгардонд.
Ин таҳримҳо ба таври мустақим мардуми Эронро ҳадаф қарор медиҳад ва Амрико барои тавҷеҳи афкори умумӣ дар ин замина фарофиканӣ мекунад.