Декабр 23, 2018 11:47 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз саломати хун дар Эрон

Мушовири Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз саломати хун дар Эрон тамҷид кард.

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, Смит Зебинго мушовири Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, ки барои таҳияи гузориш дар бораи саломат ва кифояти хун дар минтақаи Медитаронаи Шарқӣ ба Эрон сафар кардааст, гуфт: Эрон аз кишварҳои саромади минтақа дар заминаи саломати хун аст.

Зебинго бо баёни инки Эрон дар заминаи риояти стандартҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ рутбаи аввали минтақаро дорад, тасреҳ кард: Ба ҳамин далел Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони маркази ҳамкории Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ баргузида шуд, то бақияи кишварҳо битавонанд аз таҷрибаҳои Эрон истифода кунанд.

Мушовири Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар бораи ҷойгоҳи илмии Созмони интиқоли хун Эрон дар Медитаронаи Шарқӣ низ гуфт: Аз лиҳози мавқеияти илмӣ, Созмони интиқоли хун Эрон як намунаи бартар дар минтақа аст.

 

Барчасп