Омодагии комили давлати Эрон барои муқобила бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт: Душманон мехоҳанд бо эҷоди ихтилол дар масири тиҷорати хориҷӣ, Эронро дар таъмини колоҳои мавриди ниёз бо мушкил рӯбарӯ кунанд, аммо ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд.
Ба гузориши ИРНА, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ шанбешаб дар ҷаласаи баррасии масоили гумрукии Эрон аз омодагии комили давлати Эрон барои муқобила бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико хабар дод ва изҳор дошт дар ҷаласаҳои мутааддиде назири ҷаласоти ситоди муқобила бо таҳрим ва ҷаласоти шӯрои олии ҳамоҳангии иқтисодии сарони қувваҳо, тасмимоти муносибе гирифта шудааст, то ҷараёни воридоти коло таҳти ҳар шароите анҷом шавад.
Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ 27 июн бо таъкид бар инки миллати Эрон дар баробари мутаҷовиз ва зӯргӯ, ҳаргиз сар хам накардааст ва намекунад, таъкид кард: Эрониён дар муборизаи иродаҳо, Амрикоро шикаст хоҳанд дод.
Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико, 8 май ба таври якҷонба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар бораи БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард. Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.