Оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрӯдӣ даргузашт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40435-Оятуллоҳ_Ҳошимии_Шоҳрӯдӣ_даргузашт
Оятуллоҳ Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва раиси асбақи қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз таҳаммули як давраи беморӣ даргузашт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 25, 2018 11:01 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрӯдӣ даргузашт

Оятуллоҳ Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва раиси асбақи қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз таҳаммули як давраи беморӣ даргузашт.

Ба гузориши ИРНА, оятуллоҳ Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ дар соли 1948 дар шаҳри Наҷаф дар хонаводаи мазҳабӣ чашм ба ҷаҳон гушуд. Оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудӣ аз соли 1373 (ҳиҷрии шамсӣ) дар давраҳои мухталиф (севум, чаҳорум, панҷум, шашум ва ҳафтум) узви Шӯрои нигаҳбони Қонуни Асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон буд. Ӯ аз августи соли 1999 то 14 августи соли 2009 аз сӯйи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба унвони раиси қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон мансуб шуд. Намояндаи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар давраҳои севум, чаҳорум ва панҷум аз дигар масъулиятҳои оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудӣ буд. Оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудӣ аз 25-уми июли соли 2011 раёсати ҳайати олии ҳалли ихтилоф ва танзими равобити қуваи сегона ва аз 14-уми августи соли 2017 раёсати Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро бо ҳукми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бар уҳда дошт.

Оятуллоҳ Шоҳрудӣ пас аз таҳаммули моҳҳо беморӣ шаби душанбе дар синни 70-солагӣ дар бемористоне дар Теҳрон даргузашт.