Декабр 26, 2018 19:10 Asia/Dushanbe
  • Мақоми амниятии эронӣ: Гуфтугӯҳои Эрон бо Толибон идома меёбад

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, маҷмуаи иртиботот ва гуфтугӯҳои ҷумҳурии исломии Эрон бо гурӯҳи Толибон бо иттилои давлати Афғонистон аст ва ҳамчунон идома меёбад.  

Алии Шамхонӣ, ки ба ҳамроҳи ҳайъате аз мақомоти олии сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ ба Кобул сафар карда, чаҳоршанбе бо Ҳамдуллоҳи Муҳиб, ҳамтои афғонистонии худ дидор ва дар мавриди масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ бо ӯ гуфтугӯ кард.  

Вай дар ин дидор таъкид кард, ҳадаф аз гуфтугӯҳои ҷории миёни ҷумҳурии исломии Эрон ва Толибон, ки бо иттилои давлати Кобул анҷом мешавад, кумак ба рафъи мушкилоти амниятии Афғонистон аст.  

Шамхонӣ дар дидори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон низ тақвият ва густариши равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои ҳамсояро асли собит ва тағйирнопазири Теҳрон донист ва гуфт: Эрон амният ва пешрафти Афғонистонро амният ва пешрафти худ медонад.  

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, хориҷ шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро фурсате тиллоӣ барои тақвияти тавонмандии дифоӣ ва низомии ин кишвар бо такя ба зарфиятҳои дохилӣ ва даруни минтақаӣ донист ва гуфт: Мардуми минтақа барои хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ, ки ҳузурашон ҷуз ҷанг ва ноамнӣ ҳосиле надоштааст, лаҳзашуморӣ мекунанд.

Ашраф Ғанӣ низ дар ин дидор бар зарурати афзоиши ҳамкории дастгоҳҳои иттилоотӣ ва амниятии Эрон ва Афғонистон барои қавитар шудани муқобила бо терроризм, ҷурмҳои созмонёфта ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъкид кард.