Декабр 27, 2018 13:02 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Эрон ёди Зардушти паёмбарро гиромӣ дошт

Вазири хориҷаи Эрон дар солрӯзи даргузашти Зардушти паёмбари эронӣ, ёди ӯро гиромӣ дошт.

Панҷуми даймоҳ баробар бо 26 декабр солрӯзи даргузашти Зардушт, паёмбари эронӣ аст ва дар ин рӯз ҳамватанони Зардуштӣ дар шаҳрҳои мухталиф бо ниёиши ҳамагонӣ онро гиромӣ медоранд.

Зариф дар ин паём тасреҳ кард: Солрӯзи даргузашти Зардушт, паёмбари бузурги эрониро ба куллияи Зардуштиёни меҳрубони кишварамон ва порсиён дар соири кишварҳо таслият мегӯям.

Вазири хориҷаи Эрон дар ин паём изҳор дошт: “Зардушти бузург поягузори ойини яктопарастӣ дар Эрони бостон ва надодиҳанда ва мубаллиғи пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек аст. Ойине, ки ҳанӯз ҳам ҳуввияти худро дар меҳр ва дӯстӣ миёни инсонҳо нек ниҳод ва дӯри аз кина ва рафторҳои аҳриманона ҷустуҷӯ мекунад”.

Вай дар ин паём баён кард: “Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамаи эрониён ба унвони кишваре, ки ҳамвора тавонистааст парчами ҳамзистӣ ва дӯстӣ миёни адёни мухталифро ба унвони як улгу ва намуна дар ин сарзамини ҳамвора яктопараст барафрошта дорад, барои бархурдорӣ аз ин фарҳанги мутаолӣ дар ҷаҳони пурошуб ва ошуфтаи имрӯз ба худ меболад”.

Бар асоси бархе ривоятҳои мавҷуд, дар панҷуми даймоҳ дар паи ҳамлаи лашкари Туронӣ ба шаҳри Балх, Ошу Зардушт, ки бо гурӯҳе аз пайравонаш дар оташкдаи ин шаҳр машғули ниёиш буд, ба дасти сипоҳи Турониён кушта шуданд.

Зардуштиён ин рӯзро рӯзи “Хури эзад” мегӯянд ва онро гиромӣ медоранд.