Декабр 27, 2018 16:40 Asia/Dushanbe
  •  Ифтитоҳи утоқи Эроншиносӣ дар Донишгоҳи Кобул

Утоқи Эроншиносии донишкадаи таълим ва тарбияти Донишгоҳи Бурҳониддин Раббонӣ дар Кобул бо ҳузури ройзани фарҳангии Эрон, дар Афғонистон ва раис ин донишгоҳ ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадризо Маликӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Афғонистон, дар маросими ифтитоҳи утоқи Эроншиносии донишгоҳи Раббонии Кобул ибрози умедворӣ кард, ин утоқ битавонад маншаи хидмат барои ҷӯяндагони илм, фарҳанг ва адаб дар ин ниҳоди илмӣ бошад.

Маликӣ афзуд, Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ва ҳатто дар замонҳое, ки худ омоҷи тавтеаҳои истикбори ҷаҳонӣ, аз ҷумла муҳосираи иқтисодӣ, ҷанги таҳмилӣ, террорҳои ваҳшатноки масъулон ва мардуми бегуноҳ ва таҳримҳои золимона буд, ҳамвора пуштибони миллат ва давлати Афғонистон будааст.

Забеҳуллоҳ Асадӣ, раиси донишгоҳи таълим ва тарбияти Раббонии Кобул низ дар ин маросим гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳо аст, ки дар канори миллати Афғонистон буда ба ҳамин далел афғонҳо ҳамвора дар канори кишвари дӯст ва ҳамсояи Эрон, боқӣ хоҳанд монд ва иҷоза нахоҳанд дод душманон аз вуҷуди мо алайҳи якдигар баҳрабардорӣ кунанд.