Таърихсозии бонуи шатранҷи Эрон - касби ноибқаҳрамонии ҷаҳон барои Эрон
Декабр 29, 2018 10:39 Asia/Dushanbe
Соро Содот Ходим –уш- Шариъа, шатранҷбози Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рақобатҳои шатранҷи қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши сареъ (rapid) ба мақоми ноибқаҳрамонӣ даст ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, Ходим –уш-Шариъа дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши сареъ, ки дар Санкт-Петербурги Русия дар ҳоли баргузорӣ аст, бо касби 7 пирӯзӣ, 4 даври мусовӣ ва як шикаст тавонист мақоми дувум ё ноибқаҳрамонии ин давра аз рақобатҳоро аз они худ кунад.
Мусобиқоти бахши сареъ (репид) дар даври поёнии бахши мардон дар ҳоли пайгирӣ аст.
Бахши барқосо ба муддати ду рӯз ва аз рӯзи шанбе баргузор хоҳад шуд.