Декабр 29, 2018 15:27 Asia/Dushanbe
  • Эрон амалиёти террористӣ дар Мисрро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон кушта ва маҷруҳ шудани чанд гардишгари хориҷӣ дар амалиёти террористӣ дар Мисрро маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе ҳадаф қарор додани занон ва мардони бегуноҳро, ки барои гардишгарӣ вориди дигар кишварҳо мешаванд, иқдоме зишт ва нописанд хонд ва бо давлат ва миллати Ветнам ва хонаводаи бозмондагони ин ҷинояти ҳавлнок ибрози ҳамдардӣ кард.

Инфиҷори бомбаи коргузошташуда дар масири убури як автобуси ҳомили гардишгарони хориҷӣ дар наздики Қоҳира, пойтахти Миср, 2 кушта ва 12 захмӣ барҷой гузошт. 

Инфиҷор асри ҷумъа дар минтақаи бостонии Аҳроми Миср руй дод.

Ҳанӯз фарде ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар уҳда нагирифтааст.

Миср дар солҳои ахир, ба вижа пас аз сарнагунии давлати Муҳаммад Мурси тавассути артиши ин кишвар дар соли 2013, бо афзоиши ноамнӣ ва ҳамалоти террористӣ рӯбарӯст.

Муҳаммад Мурси, раисҷумҳурии қонунии Миср дар соли 2013 дар пайи кудатои артиши ин кишвар ба фармондеҳии Абдулфаттоҳ Ассиси барканор ва ба зиндон андохта шуд. 

 

Барчасп