Гиромидошти нуҳуми дай рӯзи басират ва мисоқи уммат бо вилоят дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40553-Гиромидошти_нуҳуми_дай_рӯзи_басират_ва_мисоқи_уммат_бо_вилоят_дар_Эрон
Имрӯз якшанбе нуҳуми даймоҳ мусодиф аст бо солрӯзи ҳузури мардуми ҳамосасоз ва вилоятмадори Эрон дар роҳпаймоии 9 дайи 1388 (30 декабр 2009), ки нуқтаи атфе дар таърихи инқилоб ва барги заррини дигаре дар ифтихороти мардуми Эрони исломӣ маҳсуб мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 30, 2018 07:43 Asia/Dushanbe

Имрӯз якшанбе нуҳуми даймоҳ мусодиф аст бо солрӯзи ҳузури мардуми ҳамосасоз ва вилоятмадори Эрон дар роҳпаймоии 9 дайи 1388 (30 декабр 2009), ки нуқтаи атфе дар таърихи инқилоб ва барги заррини дигаре дар ифтихороти мардуми Эрони исломӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамосаи 9 дай, намоди иззат, истиқлол ва басирати мардумӣ аст, ки то пойи ҷон барои ҳифзи усули ислом ва ормонҳои инқилоб истодаанд ва бо садои расо эълом карданд, агар душман дар баробари дини онҳо биистад, дар баробари тамоми дунё онҳо хоҳанд истод.

Нуҳуми дай дар таърихи инқилоби исломӣ бо унвони рӯзи «басират» мондагор шудааст.

Дар ин рӯзи мондагор ва таърихӣ миллати ҳамеша дар саҳнаи Эрони исломӣ, ҳамосае дигар офарид ва душманони Худо ва диншро маъюс ва ноумед кард.

Нуҳуми дай рӯзи хурӯши миллати Эрон ва ошкор сохтани хашми муқаддас дар баробари иҳонатҳо ва ҳурматшиканиҳои иддае ғофил ва муздури вобаста ба бегонагон нисбат ба муқаддасот дар рӯзи ошурои ҳусайнӣ (ъ) аст.

Нуҳуми дайи соли 1388 ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароат аз сохторшиканони ҷомеа ва посухе қотеъ ба аносири фитнагаре буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.

Дар ин рӯз машрӯъияти сиёсии низоми исломии Эрон бори дигар бо ҳузури худҷӯши миллионии мардум дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрони исломӣ ба ҷаҳониён эълом шуд.

Нишонаҳои шикасти Амрико дар Сурия аз нигоҳи хатиби ҷумъаи Теҳрон