Вокуниши танзомези Зариф ба хуруҷи Амрико ва Исроил аз Юнеско
Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломӣ сешанбешаб ба тасмими Амрико ва режими саҳюнистӣ барои хуруҷ аз Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид (ЮНЕСКО) вокуниш нишон дод.
Ба гузориши “Порстудей”, Муҳаммадҷаводи Зариф дар Твиттер бо баршумурдани хуруҷи паёпайи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз тавофуқҳо ва паймонҳои байналмилалие ҳамчун БарҶом, НАФТА, Паймони тиҷории Транспасифик ва Муоҳидаи обу ҳавои Порис навишт: Оё чизи дигаре монда, ки давлати Трамп ва режими дастнишондааш аз он хориҷ шаванд? Шояд хуруҷ аз кураи замин?
Амрико ва режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе 1 январи соли 2019 расман аз ЮНЕСКО хориҷ шуданд.
Вазорати хориҷаи Амрико 12 октябри 2017 ба ин баҳона, ки ЮНЕСКО рӯйкардҳои зиддиисроилӣ дорад, эълом кард, аз ин созмон хориҷ хоҳад шуд.
Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими Исроил низ дар ҳамон рӯз ба вазорати хориҷаи ин режим дастур дод, муқаддамоти хуруҷи Исроил аз ЮНЕСКО – ро фароҳам кунад.
Амрико пештар кумакҳои молӣ ба ЮНЕСКО - ро (дар сол 2011) пас аз он ки Фаластин ба унвони яке аз аъзои ин созмон пазируфта шуд, қатъ карда буд.
Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳиди ЮНЕСКО 4 июли 2017 дар қатъномае таъкид кард, Исроил ҳеҷ моликияте бар Байтулмуқаддас надорад.
Шаҳри муқаддаси Қудс аз соли 1967 дар ишғоли Исроил аст.
ЮНЕСКО ҳамчунин 2 майи соли 2017 бо тасвиби қатъномае режими саҳюнистиро ба нақзи мавозини байналмилалӣ дар Байтулмуқаддас ва борикаи Ғазза маҳкум ва аз Исроил ба унвони нерӯи ишғолгар ном бурда буд.
Амрико ҳомии аслии ишғолгарӣ ва ҷиноятҳои Исроил алайҳи мардуми мазлуми Фаластин аст.
- Матолиби муртабит:
- Хуруҷи Амрико аз муоҳидаи ҳастаӣ бо Русия
-
Хуруҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал ва паёмадҳои он