Тавони мушакӣ - авҷи қудрат ва пешрафти дифоии Эрон
(last modified Thu, 03 Jan 2019 08:35:26 GMT )
Январ 03, 2019 13:35 Asia/Dushanbe
  • Тавони мушакӣ - авҷи қудрат ва пешрафти дифоии Эрон

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, дар тарҳи дифоӣ, ба вижа диққат ва қудрати мушакҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон пешрафти хеле хубе доштааст.

Амир сартип Амири Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, Эрон дар заминаҳои мухталиф мушакҳои ҳаво ба ҳаво, замин ба ҳаво, замин ба замин, сатҳ ба сатҳ, соҳил ба дарё ва зерсатҳ ба сатҳ, ба тавоноиҳои чашмгире расидааст.

Тавони дифоӣ, аз ҷумла қудрати мушакӣ яке аз омилҳои таъсиргузор дар иқтидорбахшӣ ба кишвар аст ва Эрон дар ин чорчӯб бо иттико ба тавони дохилӣ дар масири пешрафт ва диққат ҳаракат кардааст. Имрӯз тавони мушакии Эрон омиле итминонбахш дар дифоъ аз тамомияти арзии кишвар аст.

Бидуни шак, афзоиши пайвастаи тавони дифоӣ ҳаққи мусаллами Эрон аст ва таҷрибаи ҷанги ҳаштсолаи Ироқ бо Эрон собит кард, ки тақвияти тавони дифоӣ амре зарурӣ аст ва ин муҳим имрӯз дар ҳамаи абъоди фароянди тавони мушакии Эрон дар ҳоли иҷро аст.

Акнун Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иттико ба дониши бумӣ, яке аз қудратҳои бартар дар сохти таслиҳоти мушакӣ, радарӣ, зиреҳӣ ва паҳподӣ маҳсуб мешавад.

Эрон дар канори сохти мушакҳо, диққат ва короии ононро ҳам мадди назар қарор дода ва пешрафтҳо дар ин замина бо вуҷуди таҳримҳо фаротар аз интизор аст. Намоиши қудрати мушакии Эрон, ки дар размоишҳои мухталиф бо муваффақият озмоиш мешавад, нишон аз ҳаракати рӯ ба ҷулуи Эрон дар тақвияти тавони дифоӣ- мушакӣ дорад.

Дар ҳамин замина, ҳудуди ду моҳ пеш дар ҷараёни баргузории размоиши муштараки падофанд (амалиёти дифоӣ) - и ҳавоии “Вилоят- 97”, сомонаи мушакии замин ба ҳавои “Мирсод” бо муваффақият аҳдофи ҳавоии мавриди назарро расад ва нобуд кард.

Амир Сайид Маҳмуди Мусавӣ, сухангӯи размоиши падофанди ҳавоии - 97 бо ишора ба шиллики сомонаи мушакии “Мирсод”, онро яке аз таҷҳизоти ҷадиди саноати дифоии Эрон муаррифӣ кард ва гуфт, ин таҷҳизот дар солҳои ахир бо вуҷуди таҳримҳои ҳамаҷониба дар ҳавзаи низомӣ ба даст омадааст.

Қудрати мушакии Эрон - қудрате бартар дар сатҳи минтақаи ғарби Осиёст ва ҳамин омили қудратсоз ва иқтидорофарин, муодилоти сиёсӣ ва низомиро дар минтақа таҳти таъсир қарор додааст.

Ҳадаф қарор гирифтани мавозеи гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ба хубӣ қудрату тавони мушакии Эронро ба рухи ҷаҳониён кашонд ва нишон дод, Эрон дар дифоъ аз амнияти худ ҷиддӣ аст ва дар бакоргирӣ ва тақвияти қудрати мушакӣ аз ҳеҷ кас иҷоза нахоҳад гирифт.

Тавони мушакии Эрон сирфан ҷанбаи боздорандагӣ дорад ва ба худии худ таҳдиде барои ҳеҷ кишваре нест ва фақат ҳангоме мавриди истифода қарор мегирад, ки тамомияти арзӣ, манофеи миллӣ ва амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хатар биафтад.

Дар ҳамин замина, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо таъкид бар ин ки авлавияти Ҷумҳурии Исломии Эрон иртиқои тавони мушакӣ аст, гуфт, тавони мушакии Эрон зомини амният ва суботи минтақа аст.

Таърихи Эрон саросар сулҳу дӯстӣ аст ва ин шохиса ба манзилаи канор гузоштани тавони дифоӣ нест ва ҳаққи мусаллами ҳар кишваре аст, ки тавони дифоии худро мустаҳкам кунад. Тақвияти барномаи мушакии Эрон хатареро мутаваҷҷеҳи минтақаи ғарби Осиё нахоҳад кард ва паёми он сулҳу дӯстӣ барои ҳамагон аст.

матолиби муртабит: