Сафари вазири СМТ ба Туркия барои ширкат дар иҷлоси ЭКО
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123106-Сафари_вазири_СМТ_ба_Туркия_барои_ширкат_дар_иҷлоси_ЭКО
Вазири санъат, маъдан ва тиҷорат(СМТ)-и кишвари Эрон барои ширкат дар иҷлоси вузарои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои ЭКО вориди Истонбули Туркия шуд.
(last modified 2025-11-26T06:26:22+00:00 )
Ноябр 26, 2025 11:26 Asia/Dushanbe

Вазири санъат, маъдан ва тиҷорат(СМТ)-и кишвари Эрон барои ширкат дар иҷлоси вузарои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои ЭКО вориди Истонбули Туркия шуд.

Ба гузориши сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва симо аз Анкара, баҳсу баррасӣ перомуни мувофиқатномаи тиҷорати аъзои ЭКО ва коҳиши тарофаи колоҳои тиҷорӣ миёни аъзо барои афзоиши ҳаҷми тиҷорати дохилии ЭКО аз меҳварҳои ин нишаст аст. Созмони Ҳамкории Иқтисодии ЭКО бо мушорикати кишварҳое чун Туркия, Эрон, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистону Ҷумҳурии Озарбойҷон таъсис шуда ва густариши тиҷорати дарунминтақаӣ ва фароминтақаӣ, аз аҳдофи ин созмони иқтисодӣ аст.