Январ 03, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Ироқ: Таҳримҳои Амрико зидди Эронро иҷро намекунем

Вазири хориҷаи Ироқ бори дигар таъкид кард, ин кишвар ба иҷрои таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон, мутааҳҳид нест.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадалӣ Ал Ҳаким рӯзи чаҳоршанбе дар нишаст бо хабарнигорон гуфт, таҳримҳои Амрико зидди Эрон якҷониба аст, на байналмилалӣ ва давлати Ироқ тааҳҳуде ба пойбандӣ ба онон надорад.

Вазири хориҷаи Ироқ тасреҳ кард, равишҳое барои боз нигаҳ доштани каналҳои тиҷорӣ бо Эрон пешниҳод шудааст, ки аз он ҷумла метавон ба истифода аз арзи Ироқ (динор) дар мубодилоти дуҷониба ишора кард.

Арзиши мубодилоти тиҷории Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ дар ҳоли ҳозир наздик ба 12 миллиард доллар дар сол аст.

Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ахиран дар дидор Барҳам Солеҳ ҳамтои ироқиаш дар Теҳрон ибрози умедворӣ кард, арзиши мубодилот тиҷории ду кишвар ба 20 миллиард доллар дар сол афзоиш пайдо кунад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳаштуми моҳи майи 2018 ба таври якҷониба аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуд ва сипас таҳримҳои ғайриқонунии ин кишварро зидди Эрон дар ду марҳала эълом ва иҷроӣ кард.

Вокуниши манфии кишварҳои мухталиф ба ин иқдоми Амрико сабаб шуд, то дар ниҳоят Трамп маҷбӯр шавад барои ҳашт харидори умдаи нафти Эрон яъне Чин, Ҳинд, Италия, Юнон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван ва Туркия муофият содир кунад.