Январ 04, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Эрон алоқаманд ба густариши равобит бо кишварҳои минтақа аст

Сухангӯи Вазорати умури хорҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон илова бар ҳамсоягон ва кишварҳои перомунӣ бо ҳамаи кишварҳои минтақа дар ҷиҳати ҳамгароӣ, таъмиқи равобит ва коҳиши ихтилофот ҳамкорӣ мекунад.

Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати умури хорҷаи Эрон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории Садо ва симои Эрон бо ишора ба сафарҳои ояндаи вазири умури хорҷаи Эрон ба кишварҳои минтақа афзуд: Нигоҳи Эрон ба ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа ҳамвора нигоҳе мусбати ҳамроҳ бо ҳамзистии мусолиматомез ва талош барои сулҳу субот ва амнияти пойдор дар минтақа аст.

 Қосимӣ гуфт: Иртиботи Эрон бо кишварҳои ҳамсоя ба таври мустамар дар солиёни охир дунбол шуда ва иртиботи мустамар ва танготанг бо ҳамсоягон, сиёсати калон ва доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон бо баёни инки корномаи Эрон дар ҳавзаи масоили минтақаӣ бисёр дурахшон аст, тасреҳ кард: Эрон дар ҳавзаи кишварҳое монанди Ироқ, Сурия ва ҳатто Яман дар ҷиҳати эҷоди субот, амният ва бозгашти оромиш ба ин кишварҳо талоши бисёре кард.

Қосимӣ афзуд: Вазъи Сурия ба гунае аст, ки ҳама ба мавозеи 5 ё 6 соли пеши Эрон, ки бисёре онро бовар надоштанд, бозгаштаанд ва имрӯз бознигарии ҷиддӣ дар мавозеи кишварҳо нисбат ба масъалаи Сурия ва воқеияти терроризм мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури хорҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҷиҳати густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба, рӯзҳои оянда ба Ҳинд ва сипас Ироқ сафар хоҳад кард.

 

Барчасп