Вокуниши Зариф ба иддаоҳои Амрико дар бораи барномаи фазоии Эрон
Вазири умури хориҷаи Эрон ба иддаоҳои вазири умури хорҷаи Амрико дар бораи озмоишҳои мушакӣ ва барномаи фазоии Эрон вокуниш нишон дод.
Ба гузориши идораи кулли дипломатияи расонаии Вазорати умури хорҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон хитоб ба вазири умури хорҷаи Амрико гуфт: Партоби моҳвора ба фазо ва ё озмоиши мушакӣ тавассути Эрон, қатъномаи 2231 Шӯрои амниятро нақз намекунад, балки ин Амрикост, ки қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳидро нақз кардааст.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки Амрико дар мавқеияте нест, ки дар бораи озмоиши мушакии Эрон сухан сар диҳад, ба давлатмардони ин кишвар ёдоварӣ кард, таҳдид, таҳдид ба бор меовард, ҳамон тавр, ки эҳтиром, эҳтиром меоварад.
Майк Пампео вазири умури хорҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе муддаӣ шуд, ки моҳворабарҳои эронӣ аз фановарии мушобеҳи мушакҳои қорапаймо истифода мекунанд ва Эрон набояд барномаи сохти моҳворабар дошта бошад.
Вазири умури хорҷаи Амрико бидуни ироаи ҳар гуна мустанад ба иддаоҳои худ афзуд: Партоби моҳворабар ба фазо дар зиддият бо қатъномаҳои Созмони милали муттаҳид аст.
Ин изҳороти Пампео дар ҳоле аст, ки Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид то кунун натанҳо қатънома, ҳатто як баёния низ дар бораи барномаи фазоии Эрон содир накардааст.
Кишварҳои аврупоӣ ва низ Русия ва Чин ҳам ба сароҳат иддаоҳо ва бардошти нодурусти Амрикоро дар ин замина рад кардаанд.