Новгурӯҳи дарёии Эрон, кореяи заминро давр хоҳад зад
(last modified Sat, 05 Jan 2019 11:40:39 GMT )
Январ 05, 2019 16:40 Asia/Dushanbe
  • Новгурӯҳи дарёии Эрон, кореяи заминро давр хоҳад зад

Генерал Тураҷи Ҳасанимуқаддам, ҷонишини фармондеҳи нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, новгурӯҳи Эрон дар муддати маъмурияти ҷадиди худ, кореяи заминро давр хоҳад зад.  

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо Ирно бо баёни инки новшикани болгардбари Саҳанд, новгурӯҳи эрониро дар маъмурият ба уқёнуси Атлантик ҳамроҳӣ хоҳад кард, афзуд: Эъзоми новгурӯҳи артиш ба уқёнуси Атлантик дар ростои иҷроӣ кардани дастури фармондеҳи кулли қуво, ҳифз ва ҳаросат аз манофеи миллӣ дар обҳои дурдаст, ба эҳтизоз даровардани парчами ҷумҳурии исломии Эрон ва хунсосозии тарҳи эронҳаросӣ ва таъмини амнияти хутути дарёнавардӣ аст.  

Новшикани Саҳанд ба унвони қудратмандтарин новшикани дарёӣ тавонмандии бештаре ба ин нерӯи роҳбурдӣ ба вижа дар маъмуриятҳои дурбурд ва дар уқёнусҳои дурдаст додааст.

Аз хусусиёти амалиётии муҳими новшикани Саҳанд метавон ба қудрати дарёнавардии болои он ишора кард.

Ин нов бидуни пуштибонӣ, қобилияти беш аз 150 рӯз дарёнавардӣ дар обҳои бо талотуми бисёр болоро дорад.

Аз нигоҳи андешкадаи роҳбурдии Табйин, яке аз илзомоти боздорандагии дарёӣ, дастёбӣ ба фанновариҳоест, ки дар тавлид, сохт ва бакоргирии таҷҳизоти низомии дарёӣ корбурд доранд. Фанновариҳое ҳамонанди системаҳои новбарии электронӣ ва сохти зердарёӣ бо мондагории тӯлонӣ дар дарё ва новшиканҳои муҷаҳҳаз барои ҷанги электронӣ бо тавоноии истифода аз мушакҳои ҳидоятшванда,тазминкунандаи бартарии кишварҳо дар дарё ҳастанд.  

Дарёдор Сиёвуши Ҷарра, мушовири олии фармондеҳи нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон ин ҳузури муқтадиронаро намоди иқтидори Эрони исломӣ медонад ва мегӯяд: Амрико ва дигар қудратҳо тасаввур намекарданд, ки рӯзе дарёдилони нерӯи дарёии Эрон ба уқёнуси Атлантик ворид шаванд, аммо имрӯз нерӯи дарёӣ бо иқтидор дар ҳама паҳнаҳои обии ҷаҳон аз манофеи миллии ҷумҳурии исломӣ дифоъ мекунад ва дар муқобили таҳдидҳо муқтадирона меистад.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва фармондеҳи муаззами кулли қуво дар баёноте ба муносибати 7 озар (рӯзи нерӯи дарёӣ) дар дидори фармондеҳон ва масъулони нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон, пешрафтҳои артиш ва ба вижа нерӯи дарёиро азим ва шигифтовар хонданд ва гуфтанд: Насли кунунии нерӯи дарёӣ ба ибтикор ва тавоноиҳои худ амиқан имон дорад ва таҳаққуқи падидаҳое ҳамчун илҳоқи новшикани Саҳанд ва зердарёиҳои Фотиҳ ва Ғадир ба новгони дарёӣ, бишоратдиҳандаи имкони пешрафтҳои рӯзафзун аст.