Январ 06, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Австралия дарсадади густариши ҳамкорӣ бо Эрон

Сафири Австралия дар Эрон гуфт: Устони Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон, аз зарфиятҳои бисёре барои ҳамкорӣ бо Австралия бархурдор аст ва метавонад дар тасҳили равобити тиҷории байни ду кишвар муассир бошад.

Ян Бигс, сафири Австралия дар Эрон дар дидор бо Фаридуни Ҳимматӣ, устондори Ҳурмузгон дар Бандараббос афзуд: Парвариши моҳӣ дар устони Ҳурмузгон дар марҳалаи бисёр пешрафтае қарор дорад ва бо таваҷҷуҳ ба тавонмандиҳои Австралия, заминаи муносибе барои ҳамкории дуҷониба маҳсуб мешавад.

Ҳимматӣ низ гуфт: Ҳурмузгон дар ҳавзаи тиҷорат ва дар заминаи созаҳои дарёӣ, маҳсулоти саноеи ғизоии дарёӣ ва баргузории ҳамоиши муштараки сармоягузорӣ, омодаи ҳамкорӣ ва таомул бо Австралия аст.

 

 

Барчасп