Январ 08, 2019 16:46 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҳинд дар шароити сахт канори Эрон будааст

Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Ҳинд дар шароити сахт дар канори ҷумҳурии исломии Эрон будааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар Нишасти иқтисодии Эрон ва Ҳинд дар маҳалли конфедератсияи саноеи Ҳинд гуфт: Теҳрон ва Деҳлии Нав таомули баландмуддат ва балки ҳазоронсола доранд.

Вай афзуд: Мардуми Эрон ва Ҳинд чанд қарн бо ҳам зиндагӣ ва ҳамкорӣ кардаанд ва ҷавомеи тиҷории онон решаҳои амиқе дорад.

Вазири хориҷаи Эрон таҳримҳои Амрико зидди Эронро ҷадид надонист ва афзуд: ҷумҳурии исломии Эрон дар 40 соли гузашта дар таҳримҳои мухталиф будааст.

Дар ҳошияи Нишасти иқтисодии Эрон ва Ҳинд утоқҳои бозаргонӣ, саноеъ ва маодини ду кишвар тафоҳумномаи муштараки ҳамкории иқтисодӣ имзо карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҳошияи дидор бо Нитин Гадкари, вазири ҳамлу нақли Ҳинд дар ҷамъи хабарнигорон дар посух ба саволе дар бораи созукори вижаи молии Аврупо бо Эрон гуфт: Теҳрон ба ҳамкорӣ бо Аврупо дар бораи созукори вижаи моли (SPV) идома медиҳад, аммо мунтазири Аврупо намемонад.  

Вай гуфт: Теҳрон бо шарикони суннатии худ барои таъмини манофеи мардуми Эрон ройзанӣ мекунад.  

Вазири хориҷаи Эрон барои ширкат дар Конфронси байналмилалии солонаи гуфтугӯи Raisina дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳинд ҳузур дорад.  

Мудирони аршади даҳҳо ширкати корофарини давлатӣ ва хусусии Эрон, Зарифро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд.