Январ 09, 2019 17:55 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Миллати Эрон Амрикоро шикасти таърихӣ хоҳад дод

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Амрикоиҳо бо хушҳолӣ мегӯянд, таҳрими кунунии миллати Эрон дар таърих собиқа надорад, аммо миллати Эрон дар ин замина шикасте ба онҳо медиҳад, ки дар таърих бесобиқа бошад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар солрӯзи қиёми таърихсози мардуми Қум дар 19 дайи 1356 (9 январ 1978) дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми ин шаҳр афзуданд: Масъалаи аслӣ ва решаи тақобули Амрико ва миллати Эрон, тақобули таърихӣ ва зотии ҳаққу ботил аст чаро, ки истикбор ва истеъмор аз хуни миллатҳо тағзия мекунанд ва инқилоби исломӣ дар баробари ин зулми ошкор истода ва барои бедор кардани миллатҳо низ талош кардааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ шунида шудани фарёди марг бар Амрико дар кишварҳои бисёрро бесобиқа ва нишонае аз муваффақияти Эрон баршумурданд ва хотирнишон карданд: Истикбор талош мекунад, миллатҳоро бо эронҳаросӣ, исломҳаросӣ ё шиаҳаросӣ гумроҳ кунад, аммо миллатҳо зотан бо Эрони исломӣ душманӣ надоранд ва ҳар ҷо ҳақиқат равшан бишавад, аз он ҳимоят мекунанд.

Эшон бурузи бархе ҳаводис ва рӯйдодҳо дар Аврупо ва Амрикоро нишонаи ошкор шудани паёмадҳои хатарноки ҳуфраҳои маънавӣ дар тамаддуни ғарб хонданд ва афзуданд: Дар тарафи муқобил, мардумсолории динӣ ва ҳаракат ба самти тамаддуни исломӣ бо истифода аз имконот ва абзорҳои рӯзи дунё идома дорад ва ин воқеият барои мустакбирон раъбовар аст.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар парҳез аз саҳлингорӣ ва саҳландешӣ дар заминаи иллати воқеӣ ва аслии душмании золимони ҷаҳонӣ бо Эрон афзуданд: Иллати аслии ин душманӣ, моҳият ва ҳақиқати ҳаракати азими инқилоби исломӣ, шуҷоат, фидокорӣ ва вафодори миллат ва пойбандии мустамар ва комили низом ба мабонии инқилоби исломӣ аст, ки агар ба тавфиқи илоҳӣ, ин ҳаракат ба натоиҷи мавриди назари худ даст ёбад, басоти истикбор ва истеъмори ғарбро бармечинад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар вокуниш ба изҳороти бемантиқ ва аҷиби бархе мақомҳои амрикоӣ гуфтанд: “Бархе давлатмардони амрикоӣ интавр вонамуд мекунанд, ки девонаанд, албатта банда инро қабул надорам, аммо онҳо ҳақиқатан аҳмақҳои дараҷаи як ҳастанд”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳарфҳои берабти бархе ғарбиҳоро ба ҳарфҳои далқакҳо ташбеҳ карданд ва афзуданд: “Онҳо ба Эрон тавсия мекунанд, ҳуқуқи башарро аз саудиҳо ёд бигирад, оё ин, ҳарфи як далқак нест”?