Испания нафти Эронро ҷойгузини нафти Венесуэла мекунад
Сентябр 14, 2016 15:04 Asia/Dushanbe
Испания ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсии Венесуэла, нафти Эронро ҷойгузини нафти ин кишвар мекунад.
Ба навиштаи имрӯз, чаҳоршанбеи рӯзномаи "Қудс", чопи Теҳрон, буҳрони иқтисодӣ дар Венесуэла ба унвони яке аз бузургтарин қудратҳои нафтӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, ба коҳиши сармоягузорони истихроҷи нафт ва аз даст додани муштарёне аст, ки масрафкунандагони бузурги нафти хориҷии ӯ ҳастанд, мунҷар шудааст.
Дар воқеъ, бозгашти Эрон ба бозор пас аз лағви таҳримҳои иқтисодии таҳмилшуда аз сӯйи Ғарб, зарба ба маҷмӯи кишварҳое, ки ба Испания нафт мефурӯшанд, шудааст. Танҳо байни моҳҳои январ ва июл, 1,1 миллион тон нафти эронӣ, ки ду баробари нафти Венесуэла мебошад, вориди Испания шуд.