Январ 10, 2019 13:13 Asia/Dushanbe

Бархе манобеи хабарӣ чаҳоршанбе шаб аз ҳамлаи чанд нафар ба сафорати Эрон дар Лоҳаи Нидерланд хабар доданд.

Рӯзномаи нидерландии De Telegraaf дар Твиттери худ филме мунташир кард, ки иддаеро дар ҳоли ҳамла ба сафорати Эрон ва боло рафтан аз нардаҳои он нишон медиҳад.

Яке аз афроде, ки дар ин филм дида мешавад, парчаме ба даст дорад, ки зоҳиран марбут ба гурӯҳаки террористии Алҳавозия аст.  

Раф Санчес, хабарнигори рӯзномаи англисии Дейлителеграф низ ҳангоми бознашри ин филм дар Твиттер, аносури гурӯҳаки Алҳавозияро омили ин ҳамла муаррифӣ кардааст.

Омилони таарруз ба сафорати Эрон ба самти нерӯҳои полис, ки қасди муқобила бо онҳоро доштанд низ ҳамлавар шуданд.

Полиси Нидерланд бархе аз муҳоҷимонро дастгир кард.

Ҳамла ба сафорати Эрон дар Лоҳаи Нидерланд як рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Иттиҳодияи Аврупо бар пояи иддаоҳои Дания, нахустин даври таҳримҳо алайҳи Эрон баъд аз иҷроӣ шудани тавофуқи ҳастаиро эъмол кард.

Дания 30 октябри 2018 бидуни ироаи ҳеҷгуна мустанадоте Теҳронро ба талош барои анҷоми як ҳамлаи террористӣ дар хоки худ муттаҳам кард.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба шиддат ин иддаоро такзиб кардааст.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ахиран ба сароҳат эълом кард, Исроил дар парвандасозии Дания алайҳи Эрон нақши мустақим доштааст.