Январ 10, 2019 17:13 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон вориди Каракас шуд

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба манзури ҳузур дар маросими таҳлиф(Савгандёд)-и раисиҷумҳури Венесуэла дар садри ҳайати олирутба вориди Каракас, пойтахти Венесуэла шуд.

Генерал Амири Ҳотамӣ ба намояндагӣ аз раисиҷумҳури Эрон дар маросими таҳлифи раёсатҷумҳурии Венесуэла ҳузур дорад ва дар замони вуруд ба Каракас мавриди истиқболи Рикардо Менендес, вазири барномарезии Венесуэла қарор гирифт.

Вазири дифои Эрон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, алоқаи Ҷумҳурии Исломии Эронро барои густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Венесуэла, ки нақши фаъоле дар мубориза бо истеъмор дорад, таъкид кард.

Генерал Ҳотамӣ илова бар ҳузур дар маросими таҳлифи Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла бо мақомоти олии ин кишвар ва ҳамчунин бархе мақомоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин маросим дидор хоҳад кард.

Вазири дифои Эрон пеш аз сафар ба Венесуэла ба кишвари африқоии Мавритания рафт ва бо раисиҷумҳурӣ ва вазири дифои ин кишвар дидор ва дар хусуси тавсеаи равобити дуҷониба ва бархе мавзӯоти байналмилалӣ гуфтугӯ кард.

 

Барчасп