Таъкид бар зарурати ҳамкории Эрон, Русия ва Туркия дар чорчӯби раванди Остона
(last modified Thu, 10 Jan 2019 12:41:13 GMT )
Январ 10, 2019 17:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар зарурати ҳамкории Эрон, Русия ва Туркия дар чорчӯби раванди Остона

Дастёри аршади вазири хориҷаи Эрон дар умури вижаи сиёсӣ бар зарурати идом аи ҳамкориҳо миёни Эрон, Русия ва Туркия дар чорчӯби Остона барои пешбурди фароянди роҳи ҳалли сиёсӣ дар Сурия, таъкид кард.

Ҳусайн Ҷобири Ансорӣ рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Сергей Вершинин, муовини вазири хориҷаи Русия дар Маскав таъкид кард, вазифаи Русия, Эрон  ва Туркия ҳифзи раванди ҳамкориҳо дар чорчӯби раванди Остона аст ва ин раванд бояд идома ёбад.

Ансорӣ тасреҳ кард, таомулот миёни Эрон, Русия ва Туркия дар чорчӯби Остона тайи чанд соли гузашта, коромадии худро ба исбот расондааст ва бояд идома ёбад.

Ин дипломати аршади эронӣ ибрози итминон кард, гуфтугӯҳо дар Маскав бисёр коромад ва асаргузор хоҳад буд ва нақши муассире дар пешбурди фароянди сулҳ дар Ховари Миёна эҷод хоҳад кард.

Вай равобит миёни Эрон ва Русияро дар заминаҳои мухталиф дар ҳоли густариш ва тавсеа донист ва тасреҳ кард, натоиҷи бисёр муҳимме дар муборизоти зиддитеррористӣ ва ҳамчунин тазмини сулҳу амният дар ин кишвари Ховари Миёна бадаст омадааст.

Музокироти Остона аз январи 2017 бо ибтикори Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст, натиҷаи аслии ин музокирот, эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия будааст.

Ҳусайн Ҷобири Ансорӣ рӯзи чаҳоршанбе ба манзури гуфтугӯ ва ройзанӣ(машварат) бо мақомоти Русия вориди Маскав шуд.