Ройзании вазири дифои Эрон бо раисиҷумҳур ва вазири дифои Мавритания
(last modified Thu, 10 Jan 2019 13:16:19 GMT )
Январ 10, 2019 18:16 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазири дифои Эрон бо раисиҷумҳур ва вазири дифои Мавритания

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Нуакшот (Nouakchott) бо раисиҷумҳур ва вазири дифои Мавритания, дидору гуфтугӯ кард.

Генерал Амири Ҳотамӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Муҳаммад Вулд Абдулазиз, раисиҷумҳури Мавритания, бо ташреҳи таҳаввулоти минтақаи ғарби Осиё ва ҷаҳони Ислом, бар лузуми ҳимояти ҳамаҷонибаи ҷаҳони Ислом аз мардуми мазлуми Фаластин таъкид ва аз мавозеи Мавритания дар ҳимоят аз Фаластин қадрдонӣ кард.

Вазири дифои Эрон ҳамчунин тавсеаи равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалии ду кишварро хостор шуд.

Раисиҷумҳури Мавритания низ дар ин дидор мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар мубориза бо терроризм, сутуд ва пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаҳои мухталифро мояи ифтихор донист ва хостори талоши дутараф барои пешрафт ва таъмиқи равобити дуҷониба шуд.

Вазири дифои Эрон ҳамчунин дар дидор бо Муҳаммад Ғазвонӣ, вазири дифои Мавритания гуфт, Эрон бо вуҷуди тамоми душманиҳои Амрико ва таҳримҳои золимона, ҳамчунон ба пешрафтҳои худ идома медиҳад ва омодагӣ дорад дастовардҳои илмӣ ва фанноварии худро дар ихтиёри ҳамаи кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Мавритания қарор диҳад.

Вазири дифои Мавритания низ дар ин дидор қудрати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба манзилаи қудрати ҳамаи ҷаҳони Ислом донист ва аз нақши Эрон дар муқобила бо терроризм қадрдонӣ кард.

Ҳамчунин дар ин дидор ду тараф бар тавсеаи равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Вазири дифои Эрон чаҳоршанбе ба манзури густариши ҳамкориҳои дифоӣ вориди Нуакшот, пойтахти Мавритания шуд.