Январ 10, 2019 20:35 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Аврупо бидонад Эрон ба ҳар қимате дар БАРҶОМ нахоҳад монд

Дастёри вижаи раиси маҷлиси Эрон дар умури байналмилал тасреҳ кард, ғарбиҳо бояд бо "шоке" мувоҷеҳ шаванд, ки бидонанд, Эрон ба ҳар қимате дар туннели яктарафаи БАРҶОМ-и кунунӣ нахоҳад монд.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар сафҳаи шахсии худ навишт: “Доштани робитаи қавӣ бо Аврупо ҳамвора бахше аз ақлонияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст, аммо ғарбиҳо бояд бо "шокн" мувоҷеҳ шаванд, ки бидонанд, Эрон ба ҳар қимате дар туннели яктарафаи БАРҶОМ-и кунунӣ нахоҳад монд”.

Вай афзуд, акнун Аврупо паноҳгоҳи терроризм ва мунофиқин бояд паёме маъқул, ҳакимона аммо "шоковар" дарёфт кунад.

 

Барчасп