Қосимӣ: Қатъномаи 2231 Эронро аз барномаи мушакӣ манъ накардааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40885-Қосимӣ_Қатъномаи_2231_Эронро_аз_барномаи_мушакӣ_манъ_накардааст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Фаронса дар хусуси барномаи мушакии Эрон гуфт, Қатъномаи 2231 Эронро аз барномаи мушакии маъмулӣ, дифоӣ ва дорои корбурдҳои илмӣ манъ накардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 12, 2019 11:46 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Қатъномаи 2231 Эронро аз барномаи мушакӣ манъ накардааст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Фаронса дар хусуси барномаи мушакии Эрон гуфт, Қатъномаи 2231 Эронро аз барномаи мушакии маъмулӣ, дифоӣ ва дорои корбурдҳои илмӣ манъ накардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа талош барои илқо ва таҳмили бардошти нодуруст аз Қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи барномаи мушакии Эронро ғайримасъулона донист ва афзуд, интизор меравад Фаронса аз такрори иддаоҳои нодурусти мухолифони БарҶом худдорӣ кунад.

Қосимӣ таъкид кард, барномаи мушакии Эрон дифоӣ, миллӣ, мутаориф ва қонунӣ аст ва ҳаққи табиии миллати Эрон ба шумор меравад.

Агнес Ван Дермулл, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Фаронса ахиран муддаӣ шуд, барномаи мушакии Эрон бо Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амнияти Созмони Милал созгор нест.