Январ 13, 2019 12:23 Asia/Dushanbe
  • Кордори Полша ба Вазорати умури хориҷаи Эрон фаро хонда шуд

Дар эътироз ба баргузории конфронси зиддиэронии ба истилоҳ “Сулҳ ва амният дар Ховари Миёна” бо мизбонии муштараки Амрико ва Полша, кордори Полша дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон фаро хонда шуд.

Майк Пампео вазири умури хориҷаи Амрико дар идомаи талошҳои ин кишвар барои илқои сиёсати эронҳаросӣ, рӯзи ҷумъа аз барномаи Вашингтон барои баргузории конфронси зиддиэронии  ба истилоҳ “Сулҳ ва амният дар Ховари Миёна” бо мизбонии муштараки Амрико ва Полша дар рӯзҳои 13 ва 14 феврал дар Варшава, пойтахти Полша хабар дод.

Ба гузориши Идораи кулли дипломатияи расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Войтсеҳ Унолт кордори Полша дар Теҳрон рӯзи шанбе ба Вазорати умури хориҷаи Эрон фаро хонда шуд ва эътирози расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба иқдоми тарафи Полша дар ҳамроҳӣ бо Амрико барои баргузории конфронси зиддиэронии ба истилоҳ “Сулҳ ва амният дар Ховари Миёна” ба мизбони Варшава ба вай иблоғ шуд.

Раиси Идораи аввали Шарқи Аврупои Вазорати умури хориҷаи Эрон хитоб ба кордори сафорати Полша дар Теҳрон гуфт: Баргузории конфронси зиддиэронӣ ба мизбонии Полша як ҳаракати хасмона аз сӯи Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва интизор меравад Полша аз ҳамроҳӣ бо Амрико дар баргузории ин конфронс худдорӣ кунад.

Кордори Полша низ бо ироаи тавзеҳоте дар бораи конфронси мазкур, бар зиддиэронӣ набудани он ва баёни ин ки мавозеи Полша бо изҳороти ахири мақомоти амрикоӣ мутафовит аст, таъкид кард.

 

Барчасп