Январ 13, 2019 18:59 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақоми собиқи покистонӣ бар аҳаммияти нақши Эрон дар минтақа

Вазири хориҷаи собиқи Покистон гуфт: Исломобод қабл аз андешидан ба беҳбуди равобит бо Амрико ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақа бо кишварҳои ҳамсоя ба вижа Эрон иртибот барқарор кунад.

Ҳина Раббони Каҳр, ки дар шаҳри Лоҳури Покистон сухан мегуфт, афзуд: Эрон муассиртарин кишвар барои кумак ба ҳалли мушкилоти минтақа аст.

Вай дар айни ҳол тасреҳ кард: Амрико мустаҳаққи эҳтироме нест, ки дар Покистон ба ин кишвар гузошта мешавад.