Январ 14, 2019 19:57 Asia/Dushanbe
  • Тафовути сафари Зариф ва Трамп ба Ироқ

Рӯзномаи фароминтақавии Алшарқ Авсат тафовути навъи сафари вазири хориҷаи Эрон ва сафари раисҷумҳури Амрико ба Ироқро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва онро нишонаи маҳкам будани равобити Теҳрон-Бағдод донист.

Расонаҳои Ироқ ба нақл рӯзномаи фароминтақавии Алшарқ Авсат навиштанд: Инки Вазорати хориҷаи Эрон бархилофи сафари мақомоти амрикоӣ, сафари Зариф ба Ироқро аз як рӯз пеш расман эълом мекунад, нишонаи истеҳкоми равобити Теҳрон-Бағдод аст.   

Алшарқ Авсат навишт: Вазорати хориҷаи Эрон ба амд хабари сафари Зариф ба Ироқро як рӯз қабл эълом ва таваҷҷуҳи нозиронро ба он ҷалб кард, то ин паёмро бирасонад, ки ин сафар бархилофи сафарҳои маҳрамонаи масъулони амрикоӣ, ошкор ва мавриди истиқболи умумӣ дар Ироқ аст.  

Ин рӯзнома ба сафари махфиёнаи раисҷумҳури Амрико ба пойгоҳи низомии Айналасад дар устони Аланбор дар ду ҳафтаи гузашта ишора кардааст.  

Алшарқ Авсат навиштааст, ки Эрон бо ин амал мехост, мизони истеҳкоми Теҳрон-Бағдод ва ҳампаймонии ин ду кишварро ба Амрико гушзад кунад.

Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон баъд аз зуҳри якшанбе 14 январ дар садри як ҳайъати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ барои як сафари чаҳоррӯза вориди Бағдод шуд ва қарор аст, ба шаҳрҳои Эрбил, Сулаймония, Карбало ва Наҷаф низ сафар кунад.

Дидор бо мақомҳои баландпояи ироқӣ ва ширкат дар чанд ҳамоиши иқтисодии муштарак миён ду кишвар аз барномаҳои сафари Муҳаммадҷаводи Зариф ба Ироқ аст.

 

Барчасп