Моҳвораи Эрон дар мадори замин қарор нагирифт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40972-Моҳвораи_Эрон_дар_мадори_замин_қарор_нагирифт
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон дар матлабе дар “Твиттер” хабар дод, ки барномаи қарор додани моҳвораи сохти ҷумҳурии исломӣ дар мадори замин комил нашуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 15, 2019 13:57 Asia/Dushanbe
  • Моҳвораи Эрон дар мадори замин қарор нагирифт

Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон дар матлабе дар “Твиттер” хабар дод, ки барномаи қарор додани моҳвораи сохти ҷумҳурии исломӣ дар мадори замин комил нашуд.

Муҳаммадҷавод Озари Ҷаҳрумӣ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон рӯзи сешанбе эълом кард, моҳворабар ду марҳаларо муваффақ тай кард, аммо дар марҳалаи савум ба суръати кофӣ нарасид ва моҳвораи “Паём” дар мадор қарор нагирифт. Ӯ таъкид кард, барномаи сохт ва партоби моҳвора дар Эрон идома хоҳад дошт.

Баррасии пӯшиши гиёҳӣ, беҳбуди имконоти назорат бар гурду ғубор ва оташсӯзии заминҳои кишоварзӣ, аксбардорӣ аз замин ва андозагирии ташаъшуоти фазоӣ барои баррасии асари партавҳои кайҳонӣ бар амалкарди моҳвора аз ҷумлаи маъмуриятҳои ин моҳвора буд.