Январ 16, 2019 13:02 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷузъи 5 кишвари дорои фанноварии моҳворабар

Мудири кулли тавсеаи фанноварии фазоии Созмони фазоии Эрон гуфт, дар ҳавзаи моҳворабар ба иртифои 500 километрӣ ба тавонмандии тазриқи моҳвораҳо бо вазни беш аз 100 килограмм расидаем.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҷтабо Суродиқи афзуд, Эрон дар ҳавзаи моҳвора ба сохти моҳвораҳои кӯчак (small satellite) бо вазни 500 килограмм даст ёфтааст.

Мудири кулли тавсеаи фанноварии фазоии Созмони фазоии Эрон гуфт: “Пас аз партоби моҳвора бо ҳадафи 500 километр, гоме муҳим дар хусуси доштани моҳворае комилан бумӣ бардошта шуд ва ба муддати 300 сония додаҳои хубе аз моҳвора дарёфт кардем ва ин баёнгари дуруст будани зерсохтҳои тарроҳишуда тавассути донишмандони донишгоҳи Амиркабири Эрон аст”.

Муҷтабо Суродиқи афзуд, дар ҳоли сохти моҳвораҳои 150 то 200 килограмм ҳастем ва Эрон тавоноии сохти моҳвораҳое бо маъмурияти санҷиш аз дур ва мухобиротиро доро аст.

 

Барчасп