Январ 16, 2019 16:33 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими футболи зери 23 соли Тоҷикистон муқобили Эрон

Тими футболи умеди (зери 23 сол) Эрон сешанбе дар нахустин бозӣ аз Мусобиқоти чаҳорҷонибаи Қатар баробари Тоҷикистон бо натиҷаи ду бар як шикаст хурд.  

Бозикунони тими Эрон аз дақиқаҳои нахустини бозӣ ҳамла рӯи дарвозаи Тоҷикистонро оғоз карданд ва дар дақиқаи се бо зарбаи Ваҳиди Номдорӣ муваффақ ба гушудани дарвозаи ҳариф шуданд.

Бозикунони Эрон дар идома боз ҳам фишори зиёде рӯи дарвозаи ҳариф ворид карданд ва соҳиби мавқеиятҳои мутааддиди голзанӣ шуданд, аммо Тоҷикистон дар дақиқаи 38 бозиро ба тасовӣ кашонд ва нимаи аввали бозӣ бо натиҷаи мусовии як-як ба поён расид.

Эрон дар нимаи дувум борҳо соҳиби мавқеияти голзанӣ шуд, аммо натавонист аз ин мавқеиятҳо истифода кунад то инки бархилофи раванди бозӣ, тоҷикҳо рӯи як зиддиҳамла дар дақиқаи 50 ба голи дувуми худ расиданд ва то поёни бозӣ, аз натиҷаи ба дастомада дифоъ карданд.

Дар дувумин мусобиқа ҳам тими умеди Қатар бо натиҷаи се бар як Кувайтро шикаст дод.