Таҷаммӯъ дар ҳимоят аз хабарнигори "Пресс-ТВ" муқобили сафорати Швейтсария дар Теҳрон
(last modified Sun, 20 Jan 2019 10:02:01 GMT )
Январ 20, 2019 15:02 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммӯъ дар ҳимоят аз хабарнигори

Донишҷӯён ва қишрҳои мухталифи мардум, аз ҷумла занон, дар эътироз ба боздошти ғайриқонунии муҷрӣ ва хабарнигори шабакаи "Пресс-ТВ" дар Амрико, муқобили сафорати Швейтсария дар Теҳрон таҷаммӯъ ва иқдоми давлати Амрикоро дар ин замина маҳкум карданд.

Мӯътаризон ба боздошти Марзияи Ҳошимӣ рӯзи якшанбе бо таҷаммӯъ муқобили сафорати Швейтсария дар Теҳрон (ҳофизи манофеи Амрико дар Эрон), бар лузуми озодии хабарнигори боздоштшудаи шабакаи "Пресс-ТВ" дар Амрико таъкид карданд.

Асҳоби расона дар саросари ҷаҳон низ дар эътироз ба боздошти ғайриқонунии Марзияи Ҳошмӣ, озодии беқайду шарти ӯро хостор шудаанд.

Марзияи Ҳошимӣ муҷрӣ, хабарнигор, мустанадсоз ва гӯяндаи амрикоиасли шабакаи "Пресс-ТВ" 13 январ бидуни ҳеҷ далеле дар фурудгоҳи Сент-Луиси Амрико боздошт ва ба як боздоштгоҳи полиси федерал дар Вашингтон мунтақил шуд.

Марзияи Ҳошимӣ барои дидор бо хонаводааш ба Амрико сафар карда буд.

Додгоҳи Вашингтон рӯзи ҷумъа эълом кард, Марзияи Ҳошимӣ дар як парвандаи номушаххас сирфан ба унвони он чи истилоҳан “шоҳиди калидӣ" матраҳ мешавад, боздошт шудааст.