Январ 20, 2019 21:35 Asia/Dushanbe
  • Дархости Чин барои густариши ҳамкориҳои ҳунарӣ бо Эрон

Раиси ҳайъати ҳунармандони синамои Чин дар дидор бо мақомоти созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон густариши фаъолиятҳои муштарак бо Эрон дар арсаи синаморо хостор шуд.

Зу Ҷиян, раиси ҳайъати ҳунармандони чинӣ ва Аббоси Хомаёр, муовини тавсеаи равобити фарҳангии байналмилалии созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон дар дидоре дар Теҳрон дар бораи ҳамкориҳои муштарак дар заминаи синамо, таҳияи як асари муштараки мусиқиёӣ бо ҳузури ҳунармандони ду кишвар, баргузори барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии Эрон дар маҳалли фарҳангии шаҳри Гуанчоуи Чин, инъиқоди хоҳархондагии шаҳри Сиан дар Чин бо шаҳри таърихии Исфаҳон дар Эрон ва талош барои муаррифии чеҳраи мусбати кишвари Эрон ба ҷаҳониён гуфтугӯ карданд.

Муовини тавсеаи равобити фарҳангии байналмилалии созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон дар ин дидор ба ҳамгароии бештар бо ифтитоҳи ҷоддаи Абрешим, ба буъди фарҳангӣ ва ҳунарии ин ҷодда ишора кард ва гуфт: Фарҳангу ҳунар, муассиртарин омили ҳамгароии тамаддунҳост.

 

Барчасп