Январ 21, 2019 09:46 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми миллатҳои Осиё: Эрон ба ҷамъи ҳашт тими бартари Осиё

Тими миллии футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пирӯзӣ баробари Уммон ба марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё сууд(боло рафтан) кард.

Шомгоҳи якшанбе дидори тимҳои миллии футболи Эрон ва Уммон дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоии 17-умин давраи рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё дар варзишгоҳи Муҳаммад ибни Зоиди Абу Забии Иморот бо пирӯзии 2 бар сифри Эрон ба поён расид.

Алиризо Ҷаҳонбахш дар дақиқаи 32 ва Ашкони Дижога дар дақиқаи 41 барои тими миллии футболи Эрон дар ин бозӣ, голзанӣ карданд.

Тими миллии футболи Эрон панҷшанбе (24 январ) дар марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё ба масофи Чин хоҳад рафт.

Тими миллии футболи Эрон дар марҳалаи гурӯҳии 17-умин давраи рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё, дар гурӯҳи чаҳорум “D” бо Яман, Ветнам ва Ироқ ҳамгурӯҳ буд ва ба унвони садрнишин ба марҳалаи ҳазфии сууд карда буд.

17-умин давраи Ҷоми миллатҳои Осиё бо ҳузури 24 тим аз панҷуми январ то аввали феврали 2019 ба мизбонии Иморот баргузор мешавад.

Тими миллии футболи Эрон токунун дар 14 давраи Ҷоми миллатҳои Осиё ҳозир буда ва себор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.